Таслияти Эмомалӣ Раҳмон барои даргузашти Амиршоҳ Миралиев
(last modified Sat, 09 Dec 2023 07:23:35 GMT )
Декабр 09, 2023 12:23 Asia/Dushanbe
  • Таслияти Эмомалӣ Раҳмон барои даргузашти Амиршоҳ Миралиев

Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон даргузашти Амиршоҳ Миралиевро таслият гуфт.

 Ба гузориши Азия-Плюс, Амиршоҳ Миралиев чандин сол ба унвони мушовир, раиси дафтари иҷроии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон кор кард.

Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми худ даргузашти ин шахсиятро  ба хонавода ва бастагони вай таслият гуфт.

 Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Миралиев ба унвони "яке аз кормандони барҷастаи давлати Тоҷикистон” ёд ва таъкид кард: "Ӯ дар тӯли фаъолиятҳои тӯлонии сиёсӣ ва давлатии худ содиқона ба мардум ва давлати Тоҷикистон хизмат кард.

 Миралиев дар яке аз бемористонҳои Туркия даргузашт.

 Вай як ҳафта пеш барои дармон ба Туркия рафт ва дар яке аз бемористонҳои Истамбул таҳти амали ҷарроҳӣ қарор гирифт. Ў пас аз амали ҷарроҳӣ аз дунё рафт.

Миралиев дар Данғара ба хок супурда шуд.