Дархости бозгашти Афғонистон ба CASA-1000
Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон хостори бозгашти Афғонистон ба пружаи интиқоли барқи CASA-1000 шуданд.
Пружаи интиқоли барқ аз ду кишвари Осиёи Марказии Тоҷикистон – Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон аст. Ин тарҳ бо ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон дар августи 2021 мутаваққиф шудааст.
Ба гузориши ИРНА, Маркази матбуотии вазорати энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон эълом кард, вузарои энержии Тоҷикистон, Қирғизистону Покистон дар ҳошияи конфронси обу ҳавоии COP-28 дар Иморот, дар мавриди раванди иҷрои пружаи CASA-1000 гуфтугӯ карданду хостори бозгашти Афғонистон ба ин тарҳ шуданд.
Ширкаткунандагон дар ин ҷаласа, бо ишора ба аҳаммияти ҳузури Афғонистон дар ин пружа, аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ хостанд ба тавсеаи ин тарҳ дар хоки ин кишвар кумак кунанд.
Сохт бахшҳои зерсохтии пружаи CASA-1000 дар дигар кишварҳо рӯ ба поён аст.
Прожеи CASA-1000 бо ҳадафи тавсеаи системаи интиқоли энержӣ ва иттисоли заминӣ байни Тоҷикистон, Афғонистону Покистон матраҳ ва иҷро шудааст.
Пас аз ҳокимияти Толибон бар Афғонистон, набуди ҳимоятҳои молӣ мунҷар ба таътилии пружаҳои ободонӣ ва зерсохтӣ дар ин кишвар шуд.