Имзоъи тафоҳуми номаи ҳамкории байни Тоҷикистон ва Чин дар заминаи фанновариҳои диҷитол
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i109968-Имзоъи_тафоҳуми_номаи_ҳамкории_байни_Тоҷикистон_ва_Чин_дар_заминаи_фанновариҳои_диҷитол
Сервиси иртибототи Тоҷикистон ва яке аз ширкатҳои тобеъи ​​​​​​​HUAWEI-и тафоҳумномаи ҳамкорӣ дар заминаи фанновариҳои диҷитолиро имзо карданд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 14, 2023 12:05 Asia/Dushanbe
  • Имзоъи тафоҳуми номаи ҳамкории байни Тоҷикистон ва Чин дар заминаи фанновариҳои диҷитол
    Имзоъи тафоҳуми номаи ҳамкории байни Тоҷикистон ва Чин дар заминаи фанновариҳои диҷитол

Сервиси иртибототи Тоҷикистон ва яке аз ширкатҳои тобеъи ​​​​​​​HUAWEI-и тафоҳумномаи ҳамкорӣ дар заминаи фанновариҳои диҷитолиро имзо карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, ин тафоҳумнома шомили таъми ва  насби 7600 истгоҳи поя бо стандарти GSM/UMS/LTD/5G Аст .

Ин тафоҳумнома ба тавсеаи иртибототи сайёр ва  шабакаҳои паҳни бонди собит дар Тоҷикистон кумак мекунад. Дар айни ҳол, дар заминаи тавсеаи сариъи фанноварии иттилоот, ин имконро ба операторҳо медиҳад то ба охирин таҷҳизот дастрасии фаврӣ дошта бошанд.

Илова бар ин, ин қарордоди ҳамкорӣ ва  мушорикатии персонел дар бахши иртиботот, Операторҳои телефонии ҳамроҳ ва  мутахассисони Huawei Technology Тоҷикистонро дар тавсеаи як пружаи навсозии воҳид фароҳам мекунад .

Ин санад ба унвони бахше аз барномаи давлати беҳбӯд ва  тавсеаи иртибототи сайёр дар соли 2024 ба имзои Бек Сабур раиси Сервиси иртибототи Тоҷикистон ва Ма Тиан мудири омили яке аз ширкатҳои тобеъи Ҳуавеи, расид .

Тавофуқномаи ҷадиде имзо шудааст, ки Тоҷикистонро ба интернети пурсуръат муттасил мекунад .