Декабр 19, 2023 18:59 Asia/Dushanbe
  • Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Пажуҳишгоҳи женетики Эрон дар сатҳи минтақа ва байналмилалӣ дорои нуфуз илми аст
    Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Пажуҳишгоҳи женетики Эрон дар сатҳи минтақа ва байналмилалӣ дорои нуфуз илми аст

Сафири Тоҷикистон дар Эрон таъкид кард: Пажуҳишгоҳи милли муҳандисии женетик ва зисти фанноварии Эрон пажуҳишгоҳи бонуфузи илми дар сатҳи минтақа ва байналмилал аст ва фаъолиятҳои илмии пажуҳишгоҳ умедворкунанда аст.

Низомиддин Зоҳидӣ сафири Тоҷикистон дар Эрон аз пажуҳишгоҳи женетик боздид кард ва дар нишасти бо раис ва мудирони ин пажуҳишгоҳ ба табодули назар дар мавриди ҳамкориҳои илми пардохт.

Ба гузориши пажуҳишгоҳи милли муҳандисии женетик ва зисти фанноварӣ Ҷаводи Муҳаммадӣ раиси пажуҳишгоҳи женетик дар ҷараёни ин боздид гуфт: Пажуҳишгоҳ дар иртибот бо ниҳоди расмии маркази байналмилалии муҳандиси женетик ва зисти фановарии "ICGEB" Созмони Милал Муттаҳид аст ва бо се донишгоҳи миллӣ, Буалӣ ва донишгоҳи Фалоҳати Тоҷикистони тафоҳумномаи ҳамкори имзо карда ва ҳамкориҳои илми вуҷуд дорад.

Image Caption

Сафири Тоҷикистон дар Эрон низ гуфт: Муносиботи ҳамкории ду кишвар дар тамоми сутуҳ дар ҳоли пешрафт аст ва ҳамкориҳои илми низ дар ҳамин росто хоҳад буд.

Барчасп