Ибрози ризоияти Тоҷикистон аз ҳамкориҳои қазоӣ бо Эрон
-
Ҳамкориҳои қазоии Тоҷикистон ва Эрон
Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон дар дидор бо раиси Додгоҳи олии иқтисодии ин кишвар, бо ишора ба аҳамияти ҳимояти дастгоҳҳои қазоии ду кишвар аз фаъолиятҳои мутақобил, бар лузуми густариши муносибот дар ҳавзаи иқтисодиву тиҷорӣ таъкид намуд.
Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе бо Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот кард.
Ҳақиқиён дар ин дидор бо ишора ба азми мақомоти олии ду кишвар бар лузуми густариши беш аз пеши муносибот, бахусус дар ҳавзаи иқтисодиву тиҷорӣ таъкид намуд.
Сафири Эрон бо ишора ба ҳамкориҳои қазоӣ байни тарафайн, ҳимояти дастгоҳҳои қазоии ду кишвар аз фаъолиятҳои мутақобили иқтисодӣ, тиҷорӣ ва сармоягузориро дар тавсеаи ҳамкориҳо дорои аҳамият донист.
Мирзозода низ дар ин мулоқот аз ҳамкориҳои қазоӣ байни Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистони ибрози ризоият намуд ва дар идома бо ишора ба иштирокоти амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва ҳамзабонӣ байни ду кишвар, бар лузуми афзоиши беш аз пеши ҳамкориҳо байни тарафайн, аз ҷумла ҳамкориҳои ҳуқуқиву қазоӣ таъкид намуд.