Густариши ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар саноати ҳавоӣ ва ҳавонавардӣ
Дар дидори мақомоти Тоҷикистону Туркия, густариши ҳамкории ду кишвар дар заминаи саноати ҳавоӣ ва ҳавонавардӣ баррасӣ шуд.
Ба гузориши “Форс”, Дилшод Сафарзода, мудири Ожонси ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон бо Умут Аҷар, сафири Туркия дар Душанбе ва Иброҳим Адҳам Унол, мудири дафтари минтақаии Ожонси ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии Туркия дар ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.
Тайи ин дидор таъкид шуд, ҳавонавардӣ яке аз заминаҳои муҳими ҳамкорӣ байни ду кишвар аст, ки пайваста дар ҳоли тавсеаву беҳбуд қарор дорад.
Имзои тафоҳумномаи ҷадид байни мақомоти ҳавопаймои ду кишвар, афзоиши теъдоди парвозҳои мусофирӣ, ифтитоҳи парвозҳои борӣ, коҳиши қимати сӯхту хадамоти заминӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе аз дигар мавзӯоте буд, ки мавриди баҳсу табодули назари ду тараф қарор гирифт.
Дар ҷараёни ин дидор таъкид шуд, ки парвозҳои борӣ заминаи мусоидеро барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ эҷод мекунад.
Мудири минтақаии Ожонси ҳамкориву ҳамоҳангии Туркия дар Тоҷикистон эълом кард, ҳамкорӣ дар ҳавзаи ҳавонавардӣ дар оянда ба тавсеаи ин санъат, аз ҷумла барои бозомӯзии мутахассисони марбута, омӯзиши мутахассисони фурудгоҳӣ, ба иштирокгузории таҷрибиёти Туркия ва соири иқдомот кумак мекунад.