Ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон дар бахши омузиш, беҳдошту дармон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i110346-Ҳамкории_Тоҷикистон_ва_Туркманистон_дар_бахши_омузиш_беҳдошту_дармон
Тоҷикистон ва Туркманистон дар мавриди ҳамкорӣ дар заминаҳои илмӣ ва омузишӣ, беҳдошту дармон ва пизишки табодул назар карданд.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Декабр 26, 2023 20:20 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон дар бахши омузиш, беҳдошту дармон
    Ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон дар бахши омузиш, беҳдошту дармон

Тоҷикистон ва Туркманистон дар мавриди ҳамкорӣ дар заминаҳои илмӣ ва омузишӣ, беҳдошту дармон ва пизишки табодул назар карданд.

Вафо Ниятбекзода сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон бо Нурмуҳаммад Амонпасов муовини раиси кабинаи вазирони Туркманистон дар умури улум, омузиш, беҳдошту дармон ва варзиш дидор ва гуфтугу кард.

Ба гузориш Ховар ба нақл аз Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни ин гуфтугу тарафайн дар мавриди тайфи васеъи мавзуоти ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Туркманистон аз ҷумла дар заминаҳои илмӣ ва омузишӣ, беҳдошту дармон, варзиш ва сиёсати ҷавонон табодули назар карданд.