Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар Язд: Тоҷикистон одобу русуми зиёд ва гуногун дорад
(last modified 2023-12-27T05:33:41+00:00 )
Декабр 27, 2023 10:33 Asia/Dushanbe
  • Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар Язд: Тоҷикистон одобу русуми зиёд ва гуногун дорад

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора ба диданиҳо ва ҷозибаҳои гардишгарии ин кишвар, хостори тақвияти муровидоти гардишгарии Язд бо ин кишвар шуд.

Ба гузориши ИСНА, Абдуллоҳ Раҳмонзода, ки бо ҳайати ҳамроҳи худ ба Язд сафар кардааст, рӯзи сешанбе зимни боздид аз бофти таърихӣ ва осори бостонии шаҳри мироси ҷаҳонии Язд, бо ҷавонони фаъол дар ҳавзаи гардишгарии ин устони дидору гуфтугӯ кард.

Вай дар ин нишаст хотирнишон кард, Тоҷикистон кишваре бениҳоят зебост, ки сарчашмаи бисёре аз рудҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Вай гуфт, ҳарчанд Тоҷикистон, кишваре кучак аст, вале дорои расму русумҳои мутанаввеъ ва марбӯт ба ҳар вилояте аст, илова бар ин хӯрокиҳои мутанаввеъ ва лазизе дорем.

Вай дар идомаи суханонаш бо ишора ба боздиди худ аз бофти таърихии Язд, ин шаҳрро на танҳо бархӯрдор аз ҷозибаҳои таърихӣ ва диданӣ донист, балки дорои тамаддуне куҳан хонд ва гуфт, Язд шаҳре дорои исолат аст, ки метавонад дар тақвияти ҳувияти афроди ҷомеъа муассир бошад.

Вай ибрози умедворӣ кард, бо тавсеаи гардишгарии ду кишвару тақвияти муровидоти тарафайн, шоҳиди коҳиши бекорӣ ва равнақи иқтисодии ду кишвар бошем.

Муҳаммадризо Даштӣ, раиси Фраксияи гардишгарии маҷлис низ дар ин нишаст гуфт, Фраксияи гардишгарии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон интизор дорад, ки кишварҳои минтақа ва дӯст, ки аз лиҳози фарҳангӣ ва муҳимтар ба лиҳози забон иштирокоте доранд, ҷавонони ду кишварро ба муровидоти бештари фарҳангӣ ва гардишгарӣ роҳнамоӣ кунанд..

Вай ибрози умедворӣ кард, бо ҳазфи визои ду кишвар ин таъомулоту муровидот байни Эрону Тоҷикистон тавсеа ёбад.

 

Барчасп