Иштироки раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти ғайри расмии сарони кишварҳои ИДМ дар Русия
(last modified Wed, 27 Dec 2023 08:08:37 GMT )
Декабр 27, 2023 13:08 Asia/Dushanbe
  • Иштироки раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти ғайри расмии сарони кишварҳои ИДМ дар Русия

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ширкаткунанда дар CIS, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, ширкат кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Санкт-Петербург баргузор шуд, сарони кишварҳои ҳамсоя дар мавриди вазъияти кунӯнӣ ва чашмандоз ҳамкорӣ дар чорчӯби ИДМ гуфтугӯ карданд.

Ба гуфтаи ин манба дар ин нишаст, мавзӯъоти тақвияти гуфтугӯҳои сиёсӣ дар чорчӯби иттиҳодия ва ҳамчунин тавсеаи бештари ҳамкориҳо байни кишварҳои ширкаткунанда дар ҳавзаҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардӯстона ва амниятӣ ҷузви вазоифи кишварҳо таъйин шуд.

Ин манба таъкид кард, ҳамзамон бо ин табодули назар, тайфи густардае аз мавзӯъоти муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҳамин ҳол Дмитрий Песков, сухангӯи расмии раисиҷумҳури Русия, нишасти ғайрирасмии раҳбарони ИДМ дар Санкт-Петербургро муваффақиятомез хонд.

Ба гуфтаи вай, раҳбарони кишварҳо дар ин нишаст тавонистанд дар мавриди мавзӯъоти мубрам гуфтугӯ кунанд.

Вай афзуд, ин қатъан як муваффақият аст, зеро имкони иртиботи сода, аз ҷумла дар як фазои ғайрирасмӣ, барои сарони кишварҳои ИДМ бисёр муҳим аст, ин иртибот аст ва ба мавзӯи ҷашни Соли нав маҳдӯд намешавад. Дар воқеъ баҳс дар мавриди масоили тиҷорӣ аст, чӣ бирасад ба аҷала, аммо дар ин ҷаласа мубрамтарин мавзуот мавриди баҳс қарор гирифт, илова бар ин, ҳама бояд бо ҳамҳамоҳангии лозимро дошта бошанду масоили мубрами рӯзи байналмилалӣ ва минтақаиро дар хусӯси тавсеаи бештари ҳамкориҳо ҳамоҳанг кунанд.