Ифтитоҳи намоишгоҳи тахассусии колоҳои эронӣ дар Душанбе
Рӯзи сешанбе (26 декабр), намоишгоҳи тахассусии колоҳои “Эронсохт” дар Маҷмааи «Манеж»-и шаҳри Душанбе бо ҳузури Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва ҷамъе аз мақомоти эронӣ ва тоҷикистонӣ ва ҳамчунин фаъолони иқтисодӣ расман ифтитоҳ шуд.
Ба гузориши сафорати Эрон дар Тоҷикистон, Алиризо Ҳақиқиён дар суханронии ифтитоҳияи ин маросим изҳор дошт, бо таваҷҷуҳ ба пайвандҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ байни ду миллат, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамвора ҷойгоҳи вижае дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон доштааст.
Сафири Эрони афзуд, муносиботи дукишвар тайи солҳои ахир ва дар партави сиёсати ҳамсоягии давлати сездаҳуму иродаи руасоиҷумҳур, дар ҳамаи арсаҳо бавижа дар бахши иқтисодӣ ва тиҷорӣ рушди қобили таваҷҷӯҳе доштааст.
Вай гуфт, баёноти ахири ҷаноби оқои Раисӣ дар шаҳри Душанбе мабнӣ бар инки пешрафту амнияти Тоҷикистонро пешрафту амнияти худамон медонемро сарлавҳаи барномаҳои худ қарор дода ва аз ҳеҷ кӯшише барои густариши муносибот байни тарафайн дареғ нахоҳем кард.
Ҳақиқиён ҳадафи афзоиши мубодилоти тиҷорӣ байни ду кишвар ба мизони 500 миллиондоллар дар ояндаи наздикро аз барномаҳои фаврии сафорат донист ва бар лузӯми таҳаққуқ таъкид намуд. Шоёни зикр аст, теъдоде аз ширкатҳои тавонманди эронӣ дар заминаҳои хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, об, барқ, энержӣ, лавозими хонагӣ, маводи ғизоӣ, муҳандисии фазои сабз, ороишӣ ва беҳдоштӣ, мошинолоти кишоварзӣ дар ин намоишгоҳ, ки то 29 декабр идома хоҳад дошт, ширкат карданд.
Бештар бихонед: