Декабр 30, 2023 13:17 Asia/Dushanbe
  • Даромади 32 миллиардсомонии вилояти Хатлон аз кишоварзӣ

Дар 11 моҳи имсол арзиши кулли маҳсулоти кишоварзии тавлидшуда дар Хатлон беш аз 32.3 миллиард сомонӣ будааст.

Давлаталӣ Саид-раиси вилояти Хатлон ,дар ин бора афзуд: Имсол маҳсулоти кишоварзӣ дар заминҳое ба масоҳати беш аз 434 гектар кишт шуд.

 Вай афзуд: Кошти ғалладона 114 дарсад, биринҷ 111 дарсад, пахта 100 дарсад ва сабзавот 103 дарсад рушд доштааст.

 Раиси вилоят гуфт: Беш аз як миллион тон ғалладона, 288 ҳазор тон пахта, 217 ҳазор тон картошка , 1.7 миллион тон сабзӣ, 720 ҳазор тон маҳсул тавлид шудааст.

 Давлаталӣ Саид изҳор кард: Боғдорони минтақа 267 ҳазор тон мева аз ҷумла беш аз 86 ҳазор тон ангур низ ҷамъоварӣ карданд.

 

Барчасп