Имзои тафоҳумномаи ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки тавсеаи осиёӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i110456-Имзои_тафоҳумномаи_ҳамкории_Тоҷикистон_ва_Бонки_тавсеаи_осиёӣ
Мақомоти Тоҷикистон ва Бонки тавсеаи осиёӣ тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 30, 2023 16:40 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки тавсеаи осиёӣ

Мақомоти Тоҷикистон ва Бонки тавсеаи осиёӣ тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси тавофуқномаи имзошуда 40 миллион доллар кумаки барои беҳбуди системаи омӯзишӣ аз тарафи Бонки тавсеаи осиёӣ барои Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст.

 Ҳадафи ин проект эҷоди як пойгоҳи сармоя барои ҳимоят аз гузори Тоҷикистон ба баҳраварӣ болои нируи кор, ташдиди маҳоратҳо бар асоси стандартҳои омӯзиши мутавасситаи давлатӣ, навсози омӯзиш, беҳбуди муҳити омӯзишӣ, мудирияти мактабҳо аст.

 Тибқи барнома иҷрои проекти мазкур соли 2024 оғоз ва дар соли 2030 такмил мешавад.

 Ин тавофуқомаро Файзуддин Қаҳҳорзода-вазири молияи Тоҷикистон ва Шони Кампбл- намояндаи доими Бонки тавсеаи осиёӣ дар ин кишвар имзо кард.