«Гармчашма», оби гарми шифобахш дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон
Бар асоси иттилооти мавҷуд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 38 осоишгоҳ вуҷуд дорад.
Мувофиқи маълумоти дастрасгардида, дар маҷмуъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 38 муассисаи санаториву курортӣ, новобаста аз шакли моликият фаъолият доранд, ки аз инҳо 4 адад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 9 адад дар вилояти Хатлон, 18 адад дар вилояти Суғд ва 7 адад дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошанд. Ин осоишгоҳҳо барои истироҳати меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ шароити мусоиди ҳам истироҳатӣ ва ҳам табобатӣ доранд.
Ба навиштаи сомонаи Ховар, яке аз чунин осоишгоҳҳо — ин «Гармчашма» мебошад. Гармобаи шифобахши «Гармчашма» дар масофаи 48 километр аз шаҳри Хоруғ ва 73 километр аз маркази ноҳияи Ишкошим дар баландии 2770 метр аз сатҳи баҳр дар дараи хушманзараи маҳаллаи миёнакӯҳ воқеъ мебошад. Ин осоишгоҳ дар фасли зимистон фаъолият надорад. Аммо «Гармчашма» хусусияти табобатӣ дошта, касалиҳои дил ва рагҳои хунгард, касалиҳои узвҳои такя ва ҳаракат, касалиҳои системаи асаб ва касалиҳои узвҳои занонаро шифо мебахшад.
Ҳолати санитарӣ-беҳдоштии осоишгоҳи «Гармчашма» пурра ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ мебошад.