Январ 05, 2024 19:52 Asia/Dushanbe
  • Тими миллии футболи Тоҷикистон тими Ҳонг-Конгро шикаст дод
    Тими миллии футболи Тоҷикистон тими Ҳонг-Конгро шикаст дод

Тими миллии Ҳонг – Конг, ҳарифи тими миллии футболи Эрон дар марҳалаи муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё дар дидоре тадорукотӣ мағлуб шуд.

Тими миллии футболи Ҳонг - Конг дар дидоре тадорукотӣ ба масофи тими миллии футболи Тоҷикистон рафт ва муқобили ин тим бо натиҷаи 2 бар як шикаст хӯрд.

Тими миллии футболи Ҳонг - Конг дар марҳалаи муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё бо тими миллии футболи Эрон, тими миллии Иморот ва тими миллии Фаластин ҳамгуруҳ аст.

Тоҷикистон ҳам дар гуруҳи “А”-и рақобатҳо бо Қатар, Чин ва Лубнон ҳамгуруҳ аст.

Ин рақобатҳо аз ду ҳафтаи дигар дар Қатар баргузор мешавад.

 

Барчасп