Шутури ҳошиясози Тоҷикистон донишмандонро ғофилгир кард +акс
(last modified Sat, 06 Jan 2024 10:45:06 GMT )
Январ 06, 2024 15:45 Asia/Dushanbe
  • Шутури ҳошиясози Тоҷикистон донишмандонро ғофилгир кард +акс

Деринашиносони Русия ва Тоҷикистон дар иттифоқи нодир ҷумҷумаи комил ва солими як шутури мутааллиқ ба 2.5 миллион сол пешро кашф карданд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Анҷумани рӯзноманигорони Осиё, ин кашф, ки дар дараи Қуруқсой дар вилояти Суғди Тоҷикистон анҷом шуда, як кашфиёти бисёр арзишманди марбут ба даврони қадим аст; зеро маъмулан танҳо бахшҳои ҷудогонае аз ҷумҷума ё устухонҳои ҳайвоноти ҳазорон сол пеш кашф мешавад, дар ҳоле, ки ин ҷумҷума дастнахурда пайдо шудааст.

 Дмитрий Гимронов,донишманди донишгоҳи федералии Урал дар ин бора гуфтааст: Мо бисёр хушшанс будем, зеро устухонҳо дар саросари қаламрави Осиё, ҳатто устухонҳое, ки танҳо 2000 сол пешина доранд, заифанд. Онҳо монанди гаҷ бисёр шиканнда ҳастанд ва агар онҳоро ламс кунед ба қитъаҳои кӯчак ва хурд табдил мешаванд.

Бостоншиносон барои ҳифзи ин ҷумҷума ҳини ҳаффорӣ онро комилан часбонда ва дар маҳалли худ собит карданд. Ин кор иҷоза дод то ҷумҷума барои бозсозӣ ва мутолиа ба донишгоҳи Урали Русия мунтақил шавад.

 Таҳқиқот рӯйи ҷумҷума ба муддати се сол тӯл мекашад ва пас аз он барои таҳқиқоти бештар ба Тоҷикистон бозгардонда хоҳад шуд.Ҷумҷумаи ёдшуда, ки тақрибан 20 килограмм вазн дорад, дар қуттии махсусе ҳамл шуд.

Донишмандон муддаианд, ки аз чунин кашфиёти бостонӣ метавон фаҳмид шутур чӣ хӯрда, мағзаш чӣ андоза буда ва бо яқини комил ба ҳақиқатҳои дигаре расид.