Имкони афзоиши 10 баробарии ҳаҷми табодулоти Эрон ва Тоҷикистон бо кумаки донишбунёнҳо
Муовини илмӣ, фановарӣ ва иқтисоди донишбуниёни раисҷумҳури Эрон аз афзоиши ҳаҷми табодулоти Эрон ва Тоҷикистон ба 500 миллион доллар хабар дод ва гуфт: Ин рақам бо таваҷҷуҳ ба зарфиятҳои фановарона ва тавони донишбуниёнҳо метавонад камаш 10 баробар рушд ёбад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Рӯҳуллоҳ Деҳқонии Фирӯзободӣ дар нишаст бо Рустами Эмомалӣ-раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе, ки бо ҳамроҳии як ҳайати парлумонӣ аз Хонаи навоварӣ ва фановарии Эрон боздид кард, бо таъкид бар ҳамсуӣ ва қаробатҳои миёни ду миллат ба унвони такягоҳи тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ афзуд: Мӯътақидем Тоҷикистон ба далели қаробати фарҳангӣ, адабӣ ва таърихӣ яке аз наздиктарин кишварҳо ба Эрон аст ва ҳамин амр метавонад заминасози тавсеаи ҳамкориҳо ва табодулоти иқтисодии байни ду кишвар бошад.
Вай пайванди мустаҳкам ва ногусастании мардуми Эрон ва Тоҷикистонро зарфияти арзишманд барои тавсеаи ҳамкориҳо донист ва идома дод: Авлавияти аслии мо «ҳамкорӣ» аст ва сирфан ба думболи тиҷорат нестем; Мо метавонем бо эҷоди заминаҳои муносиби ҳамкорӣ ба вежа дар ҳавзаи илм ва фановарӣ, ки акнун маҳалли рақобати бисёре аз кишварҳо аст, ҳамкориҳои хубе байни Эрон ва Тоҷикистон рақам бизанем.
Муовини илмии раиси ҷумҳур ба раванди рӯ ба рушди ҳаҷми содироти фановаронаи Эрон тайи солҳои ахир ишора кард ва изҳор дошт: Эрон дар соли 1398 тавонист ба мизони содироти 600 миллиондолларии маҳсулот ва хадамоти донишбуниён ва фановарона даст пайдо кунад, ки албатта бо ҳамагирии вируси карона ин адад дар соли 1399 ба 300 миллион доллар коҳиш ёфт.