Январ 13, 2024 17:53 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ботканд

Дар шаҳри Ботканди ҷумҳурии Қирғизистон, мулоқоти Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев, раисони муштараки ҳайатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Қирғизистон дар мавриди делимитатсия ва демаркатсияи марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд.

Ба гузориши сомонаи «Ховар», 12 январи соли 2024 дар шаҳри Ботканди вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон — Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид.

Зимни мулоқот роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муҳокимаи масъалаи делимитатсияи хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар қитъаҳои боқимонда идома дода, ҷиҳати боз ҳам фаъол гардонидани гуфтушунидҳои гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон супоришҳои мушаххас доданд.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.

 

Барчасп