Ҳоли чаҳоргоникҳои хатлонӣ хуб аст
Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлони Тоҷикистон зани 27 солае чаҳоргоник ба дунё овард.
Ба гузориши “Азия плюс”, вазни ду писар ва ду духтари тозамутаваллидшуда аз 1 килограму 600 грам то 1 килограму 700 грам мутағаййир аст.
Модари ин кӯдакон, ки аз қабл як фарзанд дошт, 14 январи соли ҷорӣ 4 навзод ба дунё овард.
Пизишкон вазъияти саломатии кӯдакону модарро пойдор арзёбӣ мекунанд.
Ин аввалин бор нест, ки чандин кӯдак ба таври ҳамзамон дар Тоҷикистон мутаваллид мешаванд.
- Панҷгоникҳои таърихии тоҷик аз бемористон мурраххас шуданд
- Номи аҳли байти паёмбар (с) бар навзодони панҷгоники шаҳри Душанбе
Нархи зоду валад дар Тоҷикистон ҳамчунон болост. Ин кишвар аз назари рушди ҷамъият дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар рутбаи аввал қарор дорад.
Бар асоси оморҳои расмӣ, ҷамъияти Тоҷикистон ба таври миёна солона 2. 2 дарсад ё 200 ҳазор нафар дар ҳоли афзоиш аст.
Бар асоси пешбиниҳо то соли 2030 ҷамъияти Тоҷикистон аз 11 миллион нафар фаротар хоҳад рафт.