Январ 30, 2021 20:13 Asia/Dushanbe
  • Панҷгоникҳои тоҷик дар вопасин соатҳои соли 2020 дар таваллудхонаи \
    Панҷгоникҳои тоҷик дар вопасин соатҳои соли 2020 дар таваллудхонаи \"Модару кӯдак\"-и шаҳри Душанбе ба дунё омаданд.

Дар таърихи Тоҷикистон нахустин панҷгоникҳои ба дунёомада бо модарашон аз таваллудхонаи пажӯҳишии модару кӯдаки шаҳри Душанбе мураххас шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик,  сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Маҳмадова нахустин бонуии тоҷик, ки соҳиби панҷгоник шудааст, ҳамроҳ бо навзодонаш аз бемористон мурраххас шуд.

Ин  панҷгоникҳо ба номи аҳли байти Расули худо ( с ) Хадиҷа, Ҳасан, Ҳусайн, Фотима ва Заҳро номгузорӣ шудаанд.

Дар маросим мурраххас шудани модару фарзандони панҷгоник  муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Зулфия Абдусамадзода ва намояндагони раёсати вилояти Хатлон ширкат карданд.

 

Қаблан вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода ҳамчун нахустин корманди ҳукумат ба дидори модар ва  фарзандони панҷгоники ӯ рафта барои онҳо орзуи саломатӣ карда буд.

Инчунин раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҳузур дар хонаи ин модар дар ноҳияи Қубодиён бо эҳдои кумаки молӣ дастур дод барои онон дар канори манзили маскунии падарӣ хонаи ҷадиде аз ҳисоби буҷети ҳукумат сохта шуд.

Инчунин модару фарзандони панҷгоники ӯ дар хона таҳти муроқибати доими пизишкон хоҳанд буд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп