Дидори сафири Тоҷикистон дар ҷумҳури Озарбойҷон бо раиси Маҷлиси миллии ин кишвар
Январ 20, 2024 10:58 Asia/Dushanbe
Илҳом Абдурраҳмон, сафири Тоҷикистон дар ҷумҳурии Озарбойҷон бо Соҳиба Ғаффорова, раиси Маҷлиси миллии ҷумҳури Озарбойҷон дидору гуфтугӯ кард.
Ба гузориши Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор тарафҳо дар мавриди вазъияти кунунӣ ва тавсеаи бештари равобити байнипарлумонӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ва ҳамчунин чашмандози тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталиф аз тариқи абзорҳои байнипарлумонӣ табодули назар карданд.
Дар ин дидор мавзӯъоти танзими сафарҳои мутақобил ва тақвияти иртибототи корӣ байн кумитаҳо, гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ва комиссияҳои парлумонҳои ду кишвар мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.
бештар бихонед:
Барчасп