Ҷоми миллатҳои Осиё: Фардо Тоҷикистон ба масофи Лубнон меравад
(last modified Sun, 21 Jan 2024 05:36:33 GMT )
Январ 21, 2024 10:36 Asia/Dushanbe
  • Ҷоми миллатҳои Осиё: Фардо Тоҷикистон ба масофи Лубнон меравад
    Ҷоми миллатҳои Осиё: Фардо Тоҷикистон ба масофи Лубнон меравад

22 январ дар варзишгоҳи "Ал-Байт"-и шаҳри Давҳа бозии даври сеюми марҳилаи гуруҳии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Лубнон баргузор мегардад.

Ба гузориши Федератсяи футболи Тоҷикисто Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 аз дастаи мунтахаби Қатар мағлуб шуд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар қисми финалии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «А», ки дар Қатар идома дорад, дар бозии аввал бо дастаи мунтахаби Чин бозиро мусовӣ намуд. Бозии ин дастаҳои мунтахаб 13 январ дар варзишгоҳи «Абдулло бин Халифа»-и шаҳри Давҳа баргузор шуда, бо натиҷаи мусовии 0:0 анҷом ёфт.

Пас аз дар даври дуюм дастаи мунтахаби Қатар бо 6 имтиёз дар гурӯҳ мақоми аввалро соҳиб шудааст.

Дастаи мунтахаби Чин бо 2 имтиёз дар мақоми дуюм ва дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Лубнон бо 1 имтиёзӣ дар мақомҳои сеюму чаҳорум қарор гирифтаанд.

 

Бештар бихонед :