Январ 27, 2024 10:31 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо раиси Иттифоқи нависандагони ин кишвар

Алиризо Ҳақиқиён-сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, рӯзи ҷумъа 26 январ бо ҳузур дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо Низом Қосим, раиси ин иттиҳодия дидору гуфтугӯ кард.

Алиризо Ҳақиқиён дар ин дидор, нақши аҳли илму адаб ва фарҳехтагон Тоҷикистон бавежа аъзои иттиҳодияро барои кумак ба тавсеаи рӯзафзуни муносиботи ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабон муассир донист.

 Сафири Эрон бо ишора ба ҳамкориҳои ҷории муштарак байни сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иттифоқи нависандагон дар баргузории маросимҳои муртабит бо мероси муштарак аз ҷумла бузургдошти бузургон, мафохир ва фарҳехтагон, бар лузуми афзоиши ин ҳамкориҳо таъкид намуд.

 Низом Қосим дар ин мулоқот зимни ишора ба узвияти чаҳор тан аз аъзои ин иттиҳодия дар Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон аз густариш ҳамкориҳо дар бахши посдошти мерос ва мафохири муштараки ду кишвар истиқбол кард.

 Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ишора ба дастури раиси ҷумҳури ин кишвар дар бораи эҳдои Шоҳномаи Фирдавсӣ, ҳакими фарзонаи Тус, ба ҳар хонаводаи тоҷик афзуд: Иқдомоти муқаддамотӣ барои таҳияи беш аз як миллиону ҳафтсад ҳазор ҷилд Шоҳнома дар ҳоли анҷом аст.

 

 бештар бихонед:

Барчасп