Бузургдошти Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ҳузури сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон
(last modified 2023-09-23T14:26:09+00:00 )
Сентябр 23, 2023 19:26 Asia/Dushanbe
  • Бузургдошти Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ҳузури сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон

Бузургдошти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ҳузури сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд.

Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар маросими бузургдошти ҳаким Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, падари шеъри форсӣ, ки аз сӯи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шуд, ширкат кард.

Сафири Эрон дар ин нишаст, ки бо ҳузури ҷамъе аз нависандагон, аҳолии фарҳангу адабу ҳунар, фарҳехтагони Тоҷикистон ва бархе аз аъзои Фарҳангистони забону адаби форсӣ баргузор шуд, изҳор кард, бисёр хурсанду муфтахарам, ки дар маросими бузургдошти шоири пуровоза ва барҷаста ва тавонманде ширкат мекунам, ки ба ростӣ нигаҳбони мусаллами забони форсӣ дар беш аз ҳазор сол будааст.

Вай афзуд, ин бузурги марди муваҳҳиду мусулмон, шоири тавонманде буд, ки бо эҳёи шеъри форсӣ роҳгушои шоирони пас аз худ буд, ки таъсироти амиқе бар онон гузошт, ба гӯнае ки ба дурустӣ ӯро падари шеъри форсӣ ва устоду саромади ҳамаи шоирон меноманд.

Ҳақиқиён изофа кард, Рӯдакӣ дар тӯли зиндагии арзишманди худ, шеърҳои бисёре сурӯду осори фаровонеро халқ кард, ки мутаасифонаи имрӯза бахше аз он барҷо мондааст. Рӯдакӣ андеша ва тафаккуроти фалсафӣ ва ҳакимонаи худро дар қолаби шеър ба башарият арза кард ва ҳамвора дар тӯли таърих дар миёни ситорагони осмони адабу ҳунар, бисёр фурӯзон ва дарахшнда будааст.

Алиризо Ҳақиқиён идома дод, ашъору осори ӯ саросар панду андарзу таълиму саршор аз тавсифи зебоиҳои табиат аст. Рӯдакӣ бар ишқ ба ҳам навъу инсондӯстӣ исрор дошт ва ҳамвора дар зиндагӣ ба лутфу карами Худованд умедвор буд. Ин шоири хирадманд, илова бар тасаллут бар фунӯни сухан ва доштани маҳорат дар ҳамосасароӣ ва сурудани анвоъи қолабҳои шеърӣ, дар мусиқӣ ва навозандагӣ ҳам чирадаст буд.