Флузот ва сангҳои гаронбаҳо ; асоси содироти Тоҷикистон
Тақрибан ниме аз содироти Тоҷикистон дар соли 2023 фулузот ва сангҳои гаронбаҳо будааст.
Бар асоси гузориши Ожонси омор , содироти фулузот ва сангҳои гаронбаҳо ва қиматӣ тавассути Тоҷикистон дар соли 2023 беш бар 1.1 миллиард доллар буда, ки 2.2 баробар бештар аз соли 2022 аст.
Саҳми содироти ин маҳсулот аз кулли содироти кишвар дар соли гузашта 46.6 дарсад буд.
Ҳамчунин Тоҷикистон беш аз 2.4 миллиард доллар коло ва маҳсулот содир кард, ки 14.3 дарсад бештар аз соли 2022 аст.
Маҳсулоти маъданӣ (семент, санги маъдан ва консентра, ангиштсанг, барқ ва ғайра), фулузоти асосӣ ва маҳсулоти сохташуда аз онҳо, маводи нассоҷӣ ва маҳсулоти ҳосил аз онҳо низ саҳми нисбатан болое дар содироти кишвар доранд.
Соли гузашта Тоҷикистон колоҳо ва маҳсулоте ба арзиши ҳудуд 5.9 миллиард доллар ворид кард, ки 13.8 дарсад бештар аз соли 2022 аст.
Ҳаҷми кулли тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар сол 2023 беш аз 8.3 миллиард доллар буда, ки нисбат ба соли қабл 13.9 дарсад бештар аст.
Соли гузашта Тоҷикистон бо 111 кишвар равобити тиҷорӣ дошт. Шарикони тиҷории аслии Тоҷикистон ,Русия (беш аз 2.9 миллиард доллар) ва Чин (1.5 миллиард доллар) ҳастанд Швейтсария низ вориди се шарики бартар (беш аз 1.3 миллиард доллар) шуд.