8 баҳман замони таҷлили ҷашн Сада дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 28 Jan 2024 05:13:37 GMT )
Январ 28, 2024 10:13 Asia/Dushanbe
  • 8 баҳман замони таҷлили ҷашн Сада дар Тоҷикистон
    8 баҳман замони таҷлили ҷашн Сада дар Тоҷикистон

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон эълом кард ҷашни Садаи имсол таърихи 28 январ баробар бо 8 баҳман дар боғи Фирдавсӣ шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Форс дар Душанбе Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз таҷлили ҷашни Сада дар маҳали боғи Фирдавсии пойтахти ин кишвар хабар дод.

Бар асоси ин гузориш Вазорати кишоварзӣ бо ҳамкории Вазорат ва ниҳодҳои зирабт ва дастгоҳҳои иҷрои мақомоти давлатии ноҳияҳо ва шаҳрҳо таъризи 8 баҳман дар маҳали боғи Фирдавсии шаҳри Душанбеи ҷашни Сада ва баргузарии намоишгоҳ ва фуруши ниҳолу базри маҳсулоти кишоварзиро баргузор мекунад.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар бахши дигари ин эълом сокинон ва меҳмонони хориҷии ин кишварро барои ширкат дар таҷлили яке аз куҳантарин ҷашнҳои ориёӣ даъват кард.

Шоён зикраст ки ҷашни Сада аз соли 2018 ба таври расмӣ дар Тоҷикистон таҷлил мешавад ва 30 январ дар қонуни ин кишвар ба ин муносибат мушаххас шудааст.