Донишгоҳи давлатии тиббии Абӯалӣ ибни Синои Тоҷикистон; мақоми аввали донишгоҳӣ дар Қазоқистон
Дар соли 2023, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар раддабандии беҳтарин донишгоҳҳои Ожонси мустақили эътиборбахшӣ ва раддабандии Қазоқистон, мақоми аввалро касб кард.
Бино ба эъломи сомонаи вазорати тандурустӣ, Муҳаммадшоҳ Гулзода, раиси Донишгоҳи Абӯалӣ ибни Сино гуфт, ин ҷоиза тавассути як созмони байналмилалии радабандӣ ва омӯзиши донишгоҳӣ таъйид шудааст.
Дар ин нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки дар соли таҳсили 2023-2024, теъдоди 1793 донишҷӯи хориҷӣ аз 27 кишвар шомили 1772 нафар дар мақтаъи коршиносӣ, 10 нафар дар мақтаъи коршиносии аршад, 11 нафар дар мақтаъи таҳсилоти такмили пизишкӣ, дар ҳоли таҳсил дар ин донишгоҳ ҳастанд.
Омӯзиш дар ин донишгоҳ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ анҷом мешавад ва муҳити омӯзишӣ ба забони русӣ ҳифз мешавад.
Бештар бихонед: