Январ 31, 2024 11:05 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши теъдоди талафот дар маҳалли кор дар Тоҷикистон

Иллати аслии ҳаводиси маргбор, бемасъулиятии коргарони муҳандисӣ ва фаннии корфармоён ва бетаваҷҷуҳии коркунон дар ҳангоми кор дар таъсисоти хатарнок мебошад.

Ба гузориши Спутник, дар соли гузаштаи мелодӣ 59 ҳодиса дар таъсисоти саноатӣ ва маъданӣ дар Тоҷикистон ба сабт расидааст.

Раҳим Санъат Асо, раиси Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ бо баёни ин матлаб гуфт, дар натиҷаи ин ҳаводис 36 нафар кушта ва 34 нафар захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи номбурда, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар корхонаҳои зерсохтори хадамот дар соли 2023 шумораи ҳодисаҳои нохуш нисбат ба соли қаблияш 19 адад зиёд шуда, шумораи ашхоси фавтида 11 нафар зиёд ва теъдоди ҷароҳатбардоштагон 12 тан кам шудааст.

Дар соли 2022 теъдод тасодуфоти ин бахш ба 40 маврид расид, ки бар асар он 25 коргар ҷон бохтанд ва 46 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Гузориш шудааст, ки ин Хадамот 328 шахси ҳуқуқӣ ва ҳақиқиро ба далели қусур ва кӯтоҳӣ ба масъулияти идорӣ ва ҳамчунин маҷмуан якмиллиону 600 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст.

Ба гуфтаи раиси ин идора, ширкатҳо, иттиҳодияҳои коргарӣ ва афрод ба хонаводаҳои кушта шудагон ва маҷрӯҳон беш аз 6.7 миллионсомонӣ пардохт кардаанд.

 

Барчасп