Солона як миллиард доллар барои сохти Роғун мавриди ниёз аст
(last modified Sat, 03 Feb 2024 08:22:10 GMT )
Феврал 03, 2024 13:22 Asia/Dushanbe
  • Солона як миллиард доллар барои сохти Роғун мавриди ниёз аст

Вазири неруи барқ ва захираҳои обии Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳоли музокира бо беш аз 10 ширкат барои сармоягузорӣ дар неругоҳи Роғун аст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Далер Ҷумъа бо эъломи ин хабар афзуд, бархе аз онҳо дар моҳи феврал ва бархе дигар дар июни соли ҷорӣ дар мавриди натиҷаи музокирот иттилоърасонӣ хоҳанд кард.

 Ӯ гуфт наметавонд мӯҳтавои ин музокиротро фош кунад. Мо фақат замоне метавонем эълом кунем, ки тавофуқот ба таври расмӣ таъйид шавад

 Дар соли гузашта 5 миллиард сомони (456 миллион доллар) барои сохти Роғун дар назар гирифта шуд..

 То кунун сохти неругоҳи обӣ-барқии Роғун фақат бо маблағҳои давлатӣ анҷом шудааст. Пешбинӣ мешавад барои такмили кор дар соли ҷорӣ будҷае аз муассисоти молии байналмиллалӣ ҷазб шавад. Сармоягузорони эҳтимолии ин проект иборатанд аз: Бонки ҷаҳонӣ, Бонки сармоягузории Аврупо, Бонки тавсеаи осиёӣ, Бонки тавсеаи Евразия.

 Қарордодҳое бо Бонки сармоя гузории зерсохтҳои осиёӣ ба маблағи 500 миллион доллар ва ҳамчунин бо Сандуқи тавсеаи Арабистони саудӣ ба маблағи 100 миллион доллар имзо шудааст.

 Аз ибтидои соли 2023 беш аз 3 миллиард сомонӣ барои идомаи сохти он ихтисос ёфтааст, ки 2.6 миллиард сомонӣ аз ҳисоби будҷа ва 427 миллион сомонӣ аз фурӯши барқи тавлидӣ дар ду чархаи ин неругоҳ аст.

 Дар соли 2008, ки кор дар неругоҳи Роғун аз сар гирифта шуд, қимати он 3 миллиард доллар баровард шуд. Сипас дар соли 2016 арзиши он 3.9 миллиард доллар зикр шуд. Дар соли 2022, вазорати барқи ҷумҳурӣ аз ниёз ба ҷазби 5 миллиард доллар барои иҷрои комили ин проект хабар дод. Бад-ин тартиб дар декабри 2023 мушаххас шуд, ки барои сохти комили неругоҳ 6 миллиард доллар ниёз аст

 Охирин чархаи ин неругоҳ қарор аст дар соли 2029 роҳандозӣ шавад. Такмили комили корҳои сохтимонӣ дар неругоҳ барои соли 2033 барномарезӣ шудааст.