Коҳиши содироти барқи Тоҷикистон
Вазорати энергетикаи Тоҷикистон содироти барқ ба кишварҳои хориҷиро дар соли 2023 коҳиш дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , ин хабарро Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва манобеъи оби Тоҷикистон дар нишасти хабарии худ эълом кард.
Ба гуфтаи вай дар ин муддат Тоҷикистон 2.7 миллиард киловатт соат барқ содир кардааст.
Бо ин ҳол вай мизони даромади ҳосил аз фурӯшро фош накард. Далер Ҷумъа фақат гуфт, ки манобеъи энергӣ ба қиматҳои муаяншуда ба Осиёи марказӣ ва Афғонистон фурӯхта мешавад.
Бар асоси омори Кумитаи омори Тоҷикистон, фурӯши барқ Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар дар соли 2022 болиғ бар 3.4 миллиард киловатт соат буда ва 106 миллион доллар барои кишвар ба армуғон овардааст.
Харидорони аслии барқи Тоҷикистон Узбакистон, Афғонистон ва Қазоқистон ҳастанд.
Вазир таъкид кард: Содироти барқ фаслӣ аст ва дар айёми сол, ки барқи доимии мардуми кишвар таъмин мешавад, иловаи он ба хориҷ аз кишвар фурӯхта мешавад.
Далер Ҷумъа тасреҳ кард, ки ширкати барқи Афғонистон пардохти тамоми қарзҳои худро ба Барқи тоҷик анҷом додааст ва акнун ҳеҷ мушкили тиҷории ҷиддӣ байни тарафҳо вуҷуд надорад.