Феврал 09, 2024 19:06 Asia/Dushanbe
  • Ҳаҷми тавлидоти саноатӣ дар соли 2023
    Ҳаҷми тавлидоти саноатӣ дар соли 2023

Вазири саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон гуфт, ҳаҷми тавлидоти саноатии ин кишвар дар соли 2023 дар муқоиса бо соли 2022 мелодӣ 12 дарсад бештар шудааст.

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар нишасти матбуотии имрӯзи худ аз афзоиши тавлидоти саноатӣ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ҳаҷми тавлидоти саноатӣ дар соли 2023 мелодӣ Тоҷикистон дар қиёс бо як соли қабл 12 дарсад бештар будааст.

Вай афзуд, дар соли гузаштаи мелодӣ дар Тоҷикистон 729 корхонаи ҷадид роҳандозӣ шуд, ки корхонаи металургии «Зарафшон» бо зарфияти 165 ҳазор тон консентрати мису тилло яке аз бузургтарини онҳост.

 

Барчасп