Феврал 09, 2024 19:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистон
    Ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистон

Тавсеаи равобити дуҷонибаву чандҷониба миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар Душанбе мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Фаррух Шарифзода, муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Валид бин Абдурраҳмон Аррашидон, сафири фавқулода ва томулихтиёри подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши “Ховар”, ба нақл аз Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор мавзӯоти муҳими равобити дуҷонибаву чандҷониба миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

 

Барчасп