Даҳҳо тон бензин ва соляркаи бесифат дар Суғд кашф шуд
(last modified Sat, 10 Feb 2024 09:58:40 GMT )
Феврал 10, 2024 14:58 Asia/Dushanbe
  • Даҳҳо тон бензин ва соляркаи бесифат  дар Суғд кашф шуд

Дар озмоиши озмоишгоҳи Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд маҳсулоти нафтии бо сифати поин, аз ҷумла бензин ва сзишвории дизелӣ кашф шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, инро Ғафурҷон Эргашев, раиси бахши озмоиши маҳсулоти нафтӣ дар Суғд эълом кард.

 Вай афзуд: Дар бозрасиҳои анҷомшуда тайи соли гузашта мушаххас шуд, ки дар 21 намуна маҳсулоти нафтии ғайристандарт кашф шуд, ки дар миёни онҳо соляркаи фаровоне вуҷуд дошт.

Намояндагии Тоҷикстандарт гузориш дод, ки ин гуна маҳсулоти бесифат аз фурӯш хориҷ шуда ва бархе аз онҳо барои беҳбуди сифаташон ба ширкатҳои воридкунанда бозгардонда шудааст.