Худдории Тоҷикистон аз имзои тафоҳумномаи тавсеаи долони ҳамлу нақли Транс-Хазар
(last modified Sun, 11 Feb 2024 14:33:30 GMT )
Феврал 11, 2024 19:33 Asia/Dushanbe
  • Худдории Тоҷикистон аз имзои тафоҳумномаи тавсеаи долони ҳамлу нақли Транс-Хазар

Тоҷикистон аз имзои тафоҳумномае дар бораи тавсеаи каридори ҳамлу нақлӣ, ки Аврупо ва Осиёи Миёнаро ба якдигар муттасил ва Русияро давр мезанад, худдорӣ кардааст.

Ба гузориши Азия Плюс, Тавре ки вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита хабар дод, маросими имзои Ёддошт охири моҳи январ дар Брюсссел зимни кори Форуми сармоягузорон оид ба долони нақлиётии Иттиҳоди Аврупо (ИА) - Осиёи Марказӣ (ОМ) дар чаҳорчӯби стратегияи ИА «Global Gateway» баргузор шуд.

Вазир гуфт, Тоҷикистон аз имзои тавофуқномаи аввалияи каридори ҳамлу нақли Транс-Хазар, ки Аврупо ва Осиёи Миёнаро ба якдигар муттасил мекунад, худдорӣ кардааст. Вай афзуд, давлати Тоҷикистон дар ҳоли баррасии ҷузъиёту имкони ҷазби вом аст.

Азим Иброҳим баён кард: Бояд шароиту завобити ин вомҳоро баррасӣ кунем.

Вазир афзуд: Тоҷикистон ба дарёфти кумакҳои молӣ ва вомҳои камбаҳра тамоюл дорад то дар бозпардохти вуҷӯҳ мушкиле пеш наояд.

Каридори ҳамлу нақли Транс-Хазар каридоре чандваҷҳа аст, ки Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Миёнаро бо Дарёи Хазар, Ҷумҳуруии Озарбойҷон, Гурҷистону Туркия ба ҳам муттасил мекунад.

Дар нишасти дурӯзаи сармоягузорон, кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, кишварҳои Осиёи Миёна (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистону Узбекистон) ва соири шарикон аз сартосари ҷаҳон гомҳои муҳимме барои шурӯи тавсеаи каридори ҳамлу нақли Транс-Хазар бардоштанд.