Ҳамкории Тоҷикистону Сандуқи ҷаҳонии муҳити зист
(last modified Wed, 14 Feb 2024 06:42:38 GMT )
Феврал 14, 2024 11:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистону Сандуқи ҷаҳонии муҳити зист

Тоҷикистон ва Сандӯқи ҷаҳонии муҳити зист, ҳамкорӣ дар заминаи ҳифзи муҳити зистро густариш медиҳанд.

12 феврали соли ҷорӣ, дар ҳошияи 14-умин иҷлоси Конфронси тарафҳои Конвенсияи ҳимоят аз ҳайвоноти ваҳшии муҳоҷир, мулоқоти Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Карлос Мануел Родригес, мудири Сандӯқи ҷаҳонии муҳити зист, баргузор шуд ва дар ҷараёни он тарафайн дар мавриди густариши ҳамкориҳои мавриди баҳс дар заминаи ҳифзи муҳити зист гуфтугӯ карданд.

Бештар бихонед: