Идомаи нигарониҳо аз ҳузури ДИИШ ва ТТП дар марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон
Андрей Сердюков, як мақоми баландпояи низомии Созмон пакймони амнияти дастҷамъӣ(СПАД) мегӯяд, ки ҳузури ҷангҷуёни ДИИШ ва таҳрики Толибони Покистон (ТТП) дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бештар шудааст.
Хабаргузории ТАСС-и Русия ба нақл аз Сердюков гузориш дода, ки «террористони байналмилалӣ» ва гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла шохаи Хуросони ДИИШ ва Алқоъида таҳдиди бузург ба кишварҳои Осиёи марказӣ аст.
Ин мақоми низомии СПАД афзудааст: «Афзоиши шумори ҷангҷуёни шохаи Хуросони ДИИШ ва ТТП дар наздикии марзҳои ҷанубии Тоҷикистон мушоҳида шудааст.»
Сердюков ҳамчунон аз эҷоди урдугоҳҳои омӯзишии «гурӯҳҳои террористӣ» дар Афғонистон нигаронӣ карда ва гуфта, ки ҳузури ҷангҷуёни хориҷӣ ба вежа дар шимоли ин кишвар густариш ёфтааст.
Вай ҳушдор додааст, ки афзоиши муҳоҷиратҳо дар Афғонистон ва саркуби ақаллиятҳои қавмӣ ва мазҳаби аз сӯи Толибон, эҳтимолан сабаби бадтар шудани вазъият шавад.
Ин мақоми русии СПАД таъкид кардааст, ки қочоқи мавод мухаддир аз Афғонистон ба берун, таъсири манфӣ бар вазъияти тамоми минтақа барҷой мегузорад.
Пеш аз ин Агентии контроли маводи мухаддири Тоҷикистон гуфта буд, ки барғми иддаои Толибон дар бораи манъи тавлиди мавод мухаддир, сатҳи қочоқи он аз Афғонистон ба Тоҷикистон коҳиш наёфтааст.
Ин дар ҳоле аст,ки чанд рӯз пеш Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар гузорише гуфта буд, ки Толибон равобити наздик худ бо Алқоидаро ҳифз кардаанд.
Бар асоси ин гузориш Алқоъида ҳашт маркази нави омӯзишӣ дар Афғонистон эҷод кардааст.
Дар ин гузориш ҳамчунон омада буд, ки шохаи Хуросони ДИИШ дар Афғонистон стратегияи ҷазби ҷангҷуёни Толибон ба сафҳои худро дар пеш гирифтааст.