Феврал 19, 2024 16:15 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон даргузашти Давлатманд Холовро таслият гуфт
    Эмомалӣ Раҳмон даргузашти Давлатманд Холовро таслият гуфт

Дар пайи даргузашти Давлатманд Холов, хонанда ва оҳангсози машҳури тоҷик раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозмондагони ин марҳум ибрози ҳамдарди кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Давлатманд Холов хонанда ва  оҳангсози машҳури тоҷик, дорандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ, раҳбари гуруҳи давлатии мусиқии “Фалак” бар асари бемории дарозмуддат дар сини 74 солагӣ даргузашт.

Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бар саҳми бисёр арзишманди Давлатманд Холов дар рушди ҳунари хонандагӣ ба вижа жанри “Фалак” таъкид ва ба хонавода ва  бастагони вай ибрози ҳамдардии амиқ карданд.

Барчасп