Феврал 20, 2024 19:50 Asia/Dushanbe
  • Вокунишҳо ба даргузашти Давлатманд Холов; Шаҳроми Нозирӣ: Давлатманд Холов эътибори овози шарқ буд
    Вокунишҳо ба даргузашти Давлатманд Холов; Шаҳроми Нозирӣ: Давлатманд Холов эътибори овози шарқ буд

Давлатманд яке аз барҷастатарин фалаксароёни муосири порсӣ буд ки ном ва хотирааш ва осораш ҳеҷгоҳ аз зеҳнҳои форсизабонон зудуда нахоҳад шуд ҷасади Давлатманд Холов дар қабристони Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

Даргузашти Давлатманд Холов, устоди мусиқии сабки "Фалак" бисёре аз фарҳехтагони Эрон, Афғонистон ва ба махсусан Тоҷикистонро дар савги мотам фуру бурд ва бисёре низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамзамон бо маросими хоксупории у дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон ба ин хунёгари порси адои эҳтиром карданд.

Давлатманд дар Кулоб яке аз қадимитарин шаҳрҳои ҷануби Тоҷикистон ба дунё омад, асолатан хатлонӣ буд ва лаҳҷаи маҳаллии хатлонӣ дошт, аммо дар иҷроҳо у бо риояти меъёри гуфтории Тоҷикистон гуйиши худро ба порсии классик ва миёна наздик мекард.

Шаҳроми Нозирӣ хонандаи мусиқии эронӣ дар пайи даргузашт Давлатманд Холов ҳунарманди шинохташудаи мусиқии Тоҷикистон навиштаеро дар сафҳаи маҷозии худ мунташир кард.

Дар матни мунташиршуда аз суи Шаҳроми Нозирӣ омадааст:

Устод Давлатманд Холов нобиғаи мусиқии шарқ ва фалакхони бузурги Тоҷикистон хомуш шуд. Ҳунари воло ва садои осмонии устод Давлатманд Холов эътибори буд ҷаҳонӣ барои овози шарқ ва шеъри форсӣ.

Давлатманд Холов аз хонандагони саршиноси мусиқии Тоҷикистон шомгоҳи рузи якшанбе 29 баҳман дар сини 74 солагӣ даргузашт.

Меҳдии Ҷомӣ рузноманигоре, ки дар бораи Давлатманд мустанади "Чарху фалак"-ро сохт дар шабакаи экс уро ба урфи тоҷикҳо устод Давлатманд Холов хитоб кард ва ба ёдаш навишт: Дусти азиз ва ноёб, ҳунарманди бузурги Тоҷикистон аз онҳое ки зиндагӣ ва маргашон чашмаи ҳаёт аст, ба Лоиқ Шералӣ хела алоқа дошт, дар шеъри мавлавии ғарқ буд, ба нозукиҳои зиндагии мардуми худ сахти огоҳ буд, гирифтораш буд, миёни ҷангу сулҳ, дар ҷанги бародаркуши зиёд азоб кашид.

Маҷаллаи Бухоро ва мудӣрмасъулаш Алии Диҳбошӣ дар инстогиром ӯро фахри мусиқии Тоҷикистон тавсиф кард ва ин мусибатро ба ҳамсар ва фарзандони устод Давлатманд Холов ва ҳамаи аҳолии мусиқӣ таслият гуфт.

Ҳамиди Род рузноманигор дар инстогиром ба ёд Давлатманд навишт: Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ ки фурупошид нағма ва навоӣ Давлатманд нахустин раҳоварди ин фурупошӣ барои мо эрониён буд, насими куҳи ёру диёри ошно бо созу овозаш бар мо дамид, буйи ҷуйи мувлиён метаровид аз ҳанҷарааш, У наздик омада буд ва мехонд, дом манам дона манам ва мо гирифтори дому донааш шудем. Ба Эрон ки меомад то фурудгоҳ ба пешвозаш мерафтанд ва мо мухлис ва ҳаводори давлаташ шудем. Имруз у рафтааст ва ман зери лаб мехонам: Ёр ва нигор дар барам, дур машав, дур машав....

Муртазои Гударзӣ навозанда ва хонандаи мусиқии маҳалли ки бо устоди Давлатманд дустии наздики дошт дар инстогиром бо таслият ба ҷомеъаи мусиқӣ ва шогирдони ин фалаксарои шаҳир, бахше аз иҷрои хусусии уро бо акардиён ба иштирок гузошт ки ба руи ғазал "зиндони зиндагӣ" Муҳаммадҳусейни Шаҳриёр иҷро карда буд.

Дар Эрон Давлатманд Холовро бо осорӣ мисли "бум","баҳор омад", "шоҳ паноҳам бидиҳ", " дур машав" ва "ҳилат раҳо кун ошиқо" ба хуби мешиносанд.

У бештари умри худро бо ашъори Мавлоно ва ҳолатҳои суфиёнаи он сарф кард ва аз шеъру ирфони Соиби Табризӣ баҳра гирифт. Давлатманд дар беш аз 50 соли фаъолияти ҳерфаӣ ва устодонаи худ ба густариши фалакхуонӣ ва фалак сароӣ пардохт ва саранҷом дар соли 2007 милодӣ давлати Тоҷикистон ба нишонаи ҳимоят аз ин сабки мусиқӣ, 10 октябрро дар гоҳшмори он кишвар рузи "Фалак" номид.

Ду сол қабл аз он Жак Ширак нишони тиллои кишвари Фаронсаро ба далели истифода аз шеърҳои Мавлавӣ ба Давлатманд Холов эҳдо кард.

Барчасп