Феврал 26, 2024 17:27 Asia/Dushanbe
  • Шоми фарҳангии муштараки Тоҷикистон ва Эрон
    Шоми фарҳангии муштараки Тоҷикистон ва Эрон

Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Теҳрони дидору гуфтугу карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар дар чорчуби шоми муштараки фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон, Давлат Сафарзода муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ёсири Аҳмадванд муовини вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрони дидоругуфтугу карданд.

Тарафайн дар ин дидор дар хусуси ҳамкориҳои фарҳангӣ аз ҷумлаи баргузарии намоишгоҳи байналмилалии китоб, интишори китоб, гиромидошт аз нависандагони классик ва муосир, баргузарии барномаҳои ҳунари табодул назар карданд.

Тарафайн аз ибтикори Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди интишори китоби "Шоҳнома"-и Абулқосими Фирдавсӣ иброз хушҳоли карданд.

Шоён зикраст дар 23 феврал барномаи муштараки фарҳангӣ дар муҷтамаъи фарҳангии Ниёварони Теҳрон баргузор шуд .

Барчасп