Феврал 26, 2024 18:26 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҳамкории Тоҷикистон бо Банки Ҷаҳонӣ
    Афзоиши ҳамкории Тоҷикистон бо Банки Ҷаҳонӣ

Банки миллии Тоҷикистон ва Банки Ҷаҳонӣ ҳамкори дар заминаи диҷитоликардани иқтисоди Тоҷикистонро тақвият медиҳанд

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Фирдавс Толибзода раиси Банки миллии Тоҷикистон бо ҳайати Банки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе дидору гуфтугу ва вазъияти кунуни ва чашмандози равобити Банки миллии Тоҷикистон ва Банки Ҷаҳониро мавриди баҳсубаррасӣ қарор дод.

Раиси Банки миллии Тоҷикистон бо ибрози ризоят аз сатҳи ҳамкориҳои судманди дуҷониба бо Банки Ҷаҳонӣ дар иҷрои тарҳҳои тақвияти бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимои Тоҷикистон яке аз заминаҳои муҳими ҳамкорӣ бо ин банк ба вижа дар ҳавзаи диҷиталишудан ва беҳбуди фазои сармоягузориро эълом кард.

Гуфта шуд ки Банки миллии Тоҷикистон дар чорчуби тарҳҳои муртабит бо бахшҳои мудирияти молӣ аз ҷумлаи барномаи тақвияти бахши молӣ ки бо кумаки молии дафтари ҳамкориҳои иқтисодии Шветсария "SECO" иҷро мешавад бо Банки Ҷаҳонӣ дар заминаи рушди бахшҳои молӣ ва хусусии ҳамкорӣ наздик доранд.

Авзон Суимлӣ раиси намояндаи доими Банки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва Фарух Султонов раиси намояндаи доими ширкати молии байналмилалии Банки Ҷаҳони омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар бахши суботи системаи бонкдории Тоҷикистон эълом карданд.

Тарафайн дар мавриди иҷрои ҳамкорӣ дар ростои ташкили иқтисоди  сабз раванди диҷитали шудани иқтисоди Тоҷикистон ҳифзи корофаринии хусусӣ ҷазби манобеи молӣ ба бахши хусусӣ, рушди бозори авроқи баҳодор ва интишори авроқи қарзаи сабз, ифтитоҳи ҳисоби мукотиботӣ, иртиқои ислоҳоти молӣ, таъсиси фарҳангистони бонкдорӣ ва дигар мавориди ироа шудаи иброз назар карданд.

Барчасп