Ҳузури ҳайати Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳияи конфронси вазирони узви созмони тиҷорати ҷаҳонӣ "WTO" дар Абузабӣ
(last modified 2024-02-27T14:55:29+00:00 )
Феврал 27, 2024 19:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури ҳайати Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳияи конфронси вазирони узви созмони тиҷорати ҷаҳонӣ
    Ҳузури ҳайати Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳияи конфронси вазирони узви созмони тиҷорати ҷаҳонӣ "WTO" дар Абузабӣ

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарпарастии Завқи Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо дар маросими ифтитоҳияи сездаҳумин конфронси вазирони кишварҳои узви созмони тиҷорати ҷаҳонӣ "WTO" дар Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ширкат кард.

Вузарои кишварҳои ҳозир дар ин маросим дар мавриди масоили марбут ба ислоҳоти созмони тиҷорати ҷаҳонӣ, кишоварзӣ ва амнияти ғизоӣ, тиҷорат ва пойдории зистмуҳитӣ, тасвиби мувофиқатномаи тасҳили сармоягузори барои рушд ва барномаи кории ин созмон дар тиҷорати электроник гуфтугу карданд.