Март 02, 2024 17:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури доварони тоҷикистонӣ дар бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳонии -2026

Ду дастаи доварон аз Тоҷикистон дар бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026, ки моҳи март доир мешаванд, ҳакамӣ менамоянд.

Ба гузориши сомонаи «Ховар», Гулмуроди Саъдулло, довари ФИФА бозии чоруми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «А» байни дастаҳои мунтахаби Кувайт ва Қатарро, ки рӯзи 26-уми март дар шаҳри Ал-Кувайт баргузор мешавад, доварӣ менамояд. Ба ӯ ёварони довари ФИФА – Вафо Қараев ва Ҳасан Каримов кумак хоҳанд намуд. Муҳаммад Ҳасан Ал-Мулло аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба ҳайси довари эҳтиётӣ таъйин шуд.

Гурӯҳи дигари доварон аз Тоҷикистон таҳти роҳбарии довари ФИФА Насрулло Кабиров бозии даври чаҳоруми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «I»-ро байни дастаҳои мунтахаби Бангладеш ва Фаластин доварӣ мекунад. Ёварони ӯ Акмал Бӯриев ва Хусрави Сиддиқзод хоҳанд буд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба дӯши довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов вогузор шуд. Вохӯрӣ 26 март дар пойтахти Бангладеш – шаҳри Дакка баргузор мешавад.

 

Барчасп