Эъзоми донишҷуёни донишгоҳи байналмилалии гардишгарии Тоҷикистон ба донишгоҳи давлатии фарҳангии Қазон
(last modified Sun, 03 Mar 2024 07:57:41 GMT )
Март 03, 2024 12:57 Asia/Dushanbe
  • Эъзоми донишҷуёни донишгоҳи байналмилалии гардишгарии Тоҷикистон ба донишгоҳи давлатии фарҳангии Қазон
    Эъзоми донишҷуёни донишгоҳи байналмилалии гардишгарии Тоҷикистон ба донишгоҳи давлатии фарҳангии Қазон

Донишҷуёни донишгоҳи байналмилалии гардишгарӣ ва корофаринии Тоҷикистон ба донишгоҳи давлатии фарҳангии Қазон эъзом шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Опки Пресс, ҷамъи аз донишҷуёни донишгоҳи байналмилалии гардишгарӣ ва корофаринии Тоҷикистон дар чорчуби барномаи табодули илмӣ ва мувофиқатномаи ҳамкории ҷазби донишгоҳи давлатии фарҳангии Қазон шуданд.

Ҳадаф аз табодули академики донишҷуён, мутолеаи беҳтарини шеваи тарбияти персонели гардишгарӣ дар муассисаи омузишии мазкур дар айни ҳол афзоиши маҳоратҳо, салоҳияти ҳирфаӣ донишҷуён ва ёдгирии равишҳои навин тадрис аст.

Дар соли 2022 тайи боздиди раиси донишгоҳи давлатии фарҳангии Қазон аз донишгоҳи байналмилалии гардишгарӣ ва корофаринии Тоҷикистон қарордоди ҳамкории байни муассисот ба имзо расид. Аз ин ру аз 2 соли пеш табодули илмии донишҷуён ва дигар заминаҳои ҳамкори дар чорчуби ин тавофуқнома густариш ёфта аст.