Густариши ҳамкори байни муассисоти омӯзиши олии ҳирфаии Тоҷикистон ва шуъбаи Донишгоҳи иқтисоди Русия
(last modified 2024-03-04T04:58:57+00:00 )
Март 04, 2024 09:58 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкори байни муассисоти омӯзиши олии ҳирфаии Тоҷикистон ва шуъбаи Донишгоҳи иқтисоди Русия
    Густариши ҳамкори байни муассисоти омӯзиши олии ҳирфаии Тоҷикистон ва шуъбаи Донишгоҳи иқтисоди Русия

Густариши ҳамкории байни муассисоти омӯзиши олии ҳирфаии Тоҷикистон ва шуъбаи Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плеханов мавриди баҳс қарор гирифт .

Масоили густариши ҳамкории байни муассисоти омӯзиши олии ҳирфаии Тоҷикистон ва  шуъбаи Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плеханов дар дидори Абдулҷаббор Раҳмонзода , сафири фавқулода ва томулихтёри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон бо Профессор Қаландар Абдураҳмонов , раиси шуъбаи Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плеханов дар Тошканд мавриди баҳс қарор гирифт .

Дар ин дидор тарафайни нуқтаи назароти худро дар заминаи иқтисодв а  фанноварии иттилоот баён карданд . Таъкид шуд, ки дар шуъбаи Донишгоҳи иқтисоди Русия ба номи Плеханов Шӯрои илми фаъоласт , аз ин рӯй тарафайн хостори густариш ҳар чӣ бештари равобити илмии байни донишмандони ду кишвар шуданд .