Март 05, 2024 12:35 Asia/Dushanbe
  • Эъломи замони оғози моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бар асоси ҷамъбандии муассисаи ахтарфизикаи Академияи миллии улуми ин кишвар, оғози моҳи мубораки Рамазонро 11 март эълом кардааст.

 Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфт: Рӯза яке аз аркони ислом аст. Мусулмонон дар ин моҳ аз субҳ то ғуруб аз хӯрдан ва ошомидан худдори мекунанд ва вақти бештареро ба намоз ва хондани Қуръон ихтисос медиҳанд.

Ӯ афзуд:Бо фаро расидани моҳи рӯза, масоҷиди кишвар дар тӯли ин моҳ мамлу аз ҷамъият хоҳад буд. Мусулмонон саъй мекунанд ҳадди ақал дар ин моҳ бештар дар намозҳои ҷамоъат ширкат кунанд, ки савоби бештаре дорад.

 Абдулқодирзода  гуфт:Барои касоне, ки узри шаръӣ доранд, яъне мариз ё пир ҳастанд ва ба далоили дигар наметавонанд рӯза бигиранд, пардохти фидия мустаҳаб аст

 

Барчасп