Ширкати вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти Фаластин дар Ҷадда
Март 07, 2024 10:33 Asia/Dushanbe
Сироҷиддини Муҳриддин , вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти фавқулодаи Шӯрои вазирони умӯри хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Ҷадда дар хусӯси вазъияти фоҷеъеабори Фаластин ширкат кард .
Ба гузориши Вазорати умӯри хориҷаи Тоҷикистон , Сироҷиддини Муҳриддин , дар ин нишаст суханронӣ ва аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват кард гомҳои муассире барои ҳалли мушкилоти Фаластин бардорад ва аз тариқи мусолиҳа ба сулҳи пойдор дар ин минтақа мусоидат кунад .