Омори вазъияти шуғлӣ дар Тоҷикистон
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон омори вазъияти шуғлӣ дар ин кишварро эълом кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин вазоратхона коҳиши бекорӣ дар ин кишварро ба барпои намоишгоҳҳои шуғлӣ нисбат дод, ки бархе аз бекорон дар он машғул ба кор мешаванд.
Ба гуфтаи ин идора, мизони бекорӣ дар кишвар нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта наздик ба 10 дарсад коҳиш ёфтааст.
Ба таври куллӣ соли гузашта 48.3 ҳазор нафар ба таври расмӣ ба унвони бекор дар Тоҷикистон сабт шудаанд, ки 9.7 дарсад коҳиш доштааст.
Беш аз 46 дарсад аз бекорони расман сабтшуда зан ҳастанд.
Дар маҷмӯъ дар декабри 2023 теъдоди 74.3 ҳазор нафар ҷуёи кор ба сабт расидааст, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли 2022, 10.9 дарсад коҳиш доштааст.
Бар асоси эъломи Вазорати меҳнат , муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ин муддат беш аз 230 ҳазор ҷои кор дар кишвар эҷод шуда, ки аз ин теъдод 34.2 дарсад доимӣ, 18.7 дарсад муваққат ва 44.4 дарсад мавсимӣ аст
Тавзеҳ дода шуд, ки бештарин шуғл дар ҳавзаи кишоварзӣ - ҳудуди 100 ҳазор нафар, сохтмонсозӣ - беш аз 37 ҳазор нафар ва дар бахши хазматрасонӣ - беш аз 20 ҳазор шуғл эҷод шудааст.
Ин омор дар ҳоле аст,ки ба далели набуди шуғл ё дастмузди поин, солона садҳо ҳазор тоҷик барои кор ба хориҷ аз ин кишвар ва асосан ба Русия мераванд.