Роҳёбии Баҳодур Усмонов ба Бозиҳои олимпии Порис-2024
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i112624-Роҳёбии_Баҳодур_Усмонов_ба_Бозиҳои_олимпии_Порис_2024
Баҳодур Усмонов, муштзани тоҷикистонӣ дар вазни 63.5 килограм роҳии Бозиҳои олимпии Порис-2024 шуд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Март 13, 2024 12:12 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии Баҳодур Усмонов ба Бозиҳои олимпии Порис-2024

Баҳодур Усмонов, муштзани тоҷикистонӣ дар вазни 63.5 килограм роҳии Бозиҳои олимпии Порис-2024 шуд.

Баҳодур дар даври чаҳорякниҳоии якумин мусобиқаи интихобии Бозиҳои олимпӣ дар Италия ба муқобили муштзани ҷопонӣ Нишияма Шион бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 3:2 зафар ёфта, роҳхати Бозиҳои олимпии Париж- 2024-ро ба даст овард.

Қаблан муштзанҳои дигари тоҷик Миҷгона Самадова ва Давлат Болтаев пас аз пирӯзӣ дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу-2022 роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро ба даст оварда буданд.