Март 19, 2024 15:40 Asia/Dushanbe
  • Роҳхатгирии варзишкори тоҷикистонӣ ба бозиҳои олимпии Париж-2024
    Роҳхатгирии варзишкори тоҷикистонӣ ба бозиҳои олимпии Париж-2024

Мунира Абдусаломова ба бозиҳои олимпии Париж-2024 роҳхат гирифт.

Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин мусобиқаи интихоби олимпи оид ба теквандо дар Қораи Осиё дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он варзишгарбонуи тоҷик Мунира Абдусаломова дар вазни 67 кг роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро ба даст овард.

Мунира дар рӯзи дуюми мусобиқаи интихобӣ дар Чин бар намояндагони Имороти Муттаҳидаи Араб ва Қазоқистон пирӯз гашта, ба финал баромад ва роҳхати олимпӣ гирифт.

Ин чорумин роҳхати олимпии варзишгарони тоҷик мебошад. Қаблан Миҷгона Самадова, Давлат Болтаев ва Баҳодур Усмонов дар намуди бокс роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст оварда буданд.

Барчасп