Имзои қарордоди ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва китобхонаи Академияи улуми Русия дар минтақаи Сибир
(last modified 2024-03-26T06:34:25+00:00 )
Март 26, 2024 11:34 Asia/Dushanbe
  • Имзои қарордоди ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва китобхонаи Академияи улуми Русия дар минтақаи Сибир

Байни муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи умумӣ, илмӣ ва фаннии Академияи улуми Русия дар минтақаи Сибир, тавофуқномае дар мавриди ҳамкории фаъолиятҳои пажӯҳишии илмӣ, созмонӣ, фарҳангӣ ва табодули таҷриба бар асоси фановарии китобхонаӣ имзо шуд.

Ба гузориши имрӯзи Ховар, ин тавофуқнома дар 19 март дар Новосибирск тавассути Ҷумъахон Файзализода-раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Ирина Лизонова-раиси Китобхонаи умумӣ, илмӣ ва фаннии Академияи улуми Русия дар минтақаи Сибир имзо шуд.

 Ин қарордод барои муддати 5 сол, бо ҳадафи ҳамкорӣ дар заминаи ҳифз, мараммат ва рақамӣ кардани мероси китоби таърихӣ ва фарҳангии ду кишвар, беҳбуди фановарии иттилоот барои таҳқиқоти бунёди илмӣ ва амалӣ ва эҷоди дастрасӣ ба пойгоҳҳои иттилоотӣ имзо шуд.

 Якпорчасозии талошҳо дар тавсеаи иттилооти илмӣ, ироаи омӯзишҳои идомадор, афзоиши сатҳи омӯзиши умумӣ ва фарҳангии мутахассисони китобхонаҳо ва табодули иттилооти китобшинохтӣ аз дигар аҳдофи ин қарордод аст.