Эмомалӣ Раҳмон: Либоси миллӣ моро зеботар мекунад; бегонапарастиро мутаваққиф кунед!
"Мо бояд меҳани худро самимона дӯст дошта бошем, натанҳо бо забон, балки бо қалбамон. Мо забон ва фарҳанг ва суннатҳои миллии худро дӯст дорем.
Мо либоси миллии худро дӯст дорем. Дӯстони азиз, модарон ва хоҳарони меҳрубон, бубинед либоси миллии мо чиқадар рангоранг ва зебост. Илова бар ин мо тоҷикҳо мардуми зебое ҳастем. Аммо либоси миллӣ моро зеботар мекунад. Бегонапарастиро мутаваққиф кунед! "
Ба гузориши имрӯзи Ховар, инҳо ҷумлаҳое буд, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни ҳамоиши наврӯзии «Корвони шодӣ» дар рӯзи 25 март дар маҷмӯаи майдони Истиқлол хитоб ба ҳар зан, модар ва духтари тоҷик гуфт.

Либоси миллӣ рукни фарҳанги миллӣ ва ёдгори гузаштагон маҳсуб мешавад, ки дар тӯли қарнҳо зебоии худро аз даст надода ва дар оянда низ аз даст нахоҳад дод. Дар солҳои ахир раиси ҷумҳури Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештаре ба эҳёи саноъати дастӣ ва тарвиҷи либос миллӣ доштааст.

Занони тоҷик ҳамвора посдори намодҳо ва суннатҳои муқаддаси миллат ба шумор мераванд ва яке аз нишонаҳои аслии фарҳанг ва тамаддуни миллатҳои мухталифи ҷаҳон пӯшиши миллии онҳост.
бештар бихонед: